Мулоқот бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо
Дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено –Бассо мулоқот намуданд.
Тавре таъкид гардид, дар давраи ҳамкорӣ аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон 184 лоиҳа мавриди татбиқ қарор гирифтааст, ки маблағи умумии онҳо ба беш аз як миллиард доллар мерасад. Ин лоиҳаҳо асосан дар самтҳои таҳкими низоми молиявӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳаҳои нақлиёту энергетика татбиқ мегарданд.
