Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли макарони ҶДММ “Шаҳри зебои мо” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Корхонаи истеҳсоли макарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳри зебои мо”-ро ифтитоҳ карданд.
Дар Корхонаи истеҳсоли макарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳри зебои мо” дар як баст 14 намуд маҳсулоти макаронӣ бо номи “Лазоли” истеҳсол шуда, дар он 35 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи корӣ доимӣ гардиданд.
