Суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид

Posted Wed, 09/20/2023 - 23:34
By shahnavoz

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Муҳтарам Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар шароити ҳассоси имрӯза ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар замони дигар ба ҳамгироӣ ва эътимод ниёз дорад.

Дар пасманзари шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир мо имрӯзҳо шоҳиди таҳаввулоти нигаронкунанда дар арсаи байналмилалӣ ҳастем.

Терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, инчунин авҷ гирифтани “ҷанги сард” ба пойдории сулҳу субот, амният ва рушди байналмилалӣ таҳдид мекунанд.

Иштирок дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид

Posted Wed, 09/20/2023 - 23:31
By shahnavoz

20 сентябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.

Зимни иштирок дар кори иҷлосия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуданд.

МАКТАБИ ИБРАТОМӮЗ ВА САНЪАТИ АСИЛУ ПОБАРҶО.

Posted Wed, 09/20/2023 - 17:01
By shahnavoz

Абдулло Назрӣ хунарманди соҳибмактаб ва санъаткори асил 20 уми сентябри соли 1930 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.Санъати побарҷои ҳунарофарияш то имрӯз миёни мардум шуҳрат дорад.Фарзандону наберагонаш мактаби ҳунарӣ ва сабку услуби сароиши суруду оҳангҳояшро устувору муқаддаст нигоҳ медоранд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ

Posted Wed, 09/20/2023 - 09:27
By shahnavoz

19 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуданд.

Дар мулоқот таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ва масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

Posted Wed, 09/20/2023 - 09:26
By shahnavoz

19 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот карданд.

Дар ҷараёни вохурӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир

Posted Wed, 09/20/2023 - 09:26
By shahnavoz

19 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир Абдулмаҷид Таббун мулоқот карданд.

Дар  рафти мулоқот масоили таҳкиму густариши робитаҳои Тоҷикистону Алҷазоир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Суханронӣ дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор

Posted Wed, 09/20/2023 - 09:21
By shahnavoz

Муҳтарам ҷаноби Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд возеҳ дарк намояд, ки мавзӯи маблағгузорӣ барои рушд аз омилҳои муҳимми раванди ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор маҳсуб меёбад.

Воқеияти феълии ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад.

Иштирок дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор

Posted Wed, 09/20/2023 - 09:20
By shahnavoz

19 сентябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка Саммити Ҳадафҳои рушди устувор таҳти унвони “Сафарбар намудани молия ва сармоягузорӣ, инчунин воситаҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор” баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарони дигар давлатҳо, коршиносони байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.