Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли макарони ҶДММ “Шаҳри зебои мо” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Posted Tue, 10/31/2023 - 15:02
By shahnavoz

31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Корхонаи истеҳсоли макарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳри зебои мо”-ро ифтитоҳ карданд.

Дар Корхонаи истеҳсоли макарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳри зебои мо” дар як баст 14 намуд маҳсулоти макаронӣ бо номи “Лазоли” истеҳсол шуда, дар он 35 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи корӣ доимӣ гардиданд.

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқии “Имод” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Posted Tue, 10/31/2023 - 15:01
By shahnavoz

31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқии “Имод”-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж”-ро ифтитоҳ карданд.

Корхона дар масоҳати 7 гектар замин бо тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардида, биноҳои зери сохтмон 40 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ифтитоҳи корхонаи равғанбарории ҶДММ “Файзи баракат” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Posted Tue, 10/31/2023 - 15:00
By shahnavoz

31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи равғанбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи баракат”-ро ифтитоҳ карданд.

Ба истифода додани корхонаи нави истеҳсолии “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” дар шаҳри Душанбе ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхона

Posted Tue, 10/31/2023 - 14:59
By shahnavoz

31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат корхонаи нави истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фабрикаи қаннодии Амирӣ”-ро ифтитоҳ карданд.

Иншоот дар маҳаллаи “Деҳқонобод-2”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар масоҳати 5 гектар бунëд шуда, аз калонтарин корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб меëбад.

Ба истифода додани Корхонаи нассоҷии ҶДММ «Арвис» дар шаҳри Душанбе ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхона

Posted Tue, 10/31/2023 - 14:59
By shahnavoz

31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи нассоҷии Ҷамъияти дорои масъулиятимаҳдуди “Арвис”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос гардиданд.

Ба истифода додани марҳилаи дуюми Корхонаи истеҳсоли қолинҳои ҶДММ «Қолинҳои Душанбе» ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхона

Posted Tue, 10/31/2023 - 11:11
By shahnavoz

31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Шоҳмансур марҳилаи дуюми корхонаи қолинбофии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қолинҳои Душанбе”-ро ба истифода дода, аз намоиши маҳсулоти корхона боздид карданд.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе 7 корхонаи калони саноатӣ бо беш аз 4000 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шуд

Posted Tue, 10/31/2023 - 11:10
By shahnavoz

Субҳи рӯзи 31 октябр аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар доираи “Солҳои рушди саноат” ва ҷиҳати амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар 7 корхонаи калони саноатӣ бо беш аз 4000 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

Posted Mon, 10/30/2023 - 09:30
By shahnavoz

29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Мулоқот бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв

Posted Fri, 10/27/2023 - 09:48
By shahnavoz

26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёвро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс баррасӣ шуд.

Дар ҷараёни суҳбат доир ба мавқеи бокс дар ҷомеаи Тоҷикистон ва дурнамои рушди ин навъи варзиш дар давлати мо табодули афкор анҷом дода шуд.

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ “Сарҷамъ” дар деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ

Posted Fri, 10/27/2023 - 09:43
By shahnavoz

26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарҷамъ”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхона дар майдони 0,32 гектар замин аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Маҳмадюсуф Ятимов бунёд шуда, баъди ифтитоҳ 70 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.