Ифтитоҳи фосилавии 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 кӯдакистон ва Маркази варзишии сайёҳӣ дар ноҳияи Ховалинг

Posted Thu, 09/11/2025 - 12:03
By shahnavoz

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 кӯдакистон ва як Маркази варзишии сайёҳиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.

Иншоот дар деҳоти Чуқурак, Таги Ҷар ва Дараи Мухтор сохта шуда, раванди таҳсили илму маърифат ва ҷалби наврасону ҷавононро ба машқу тамрин беҳтар месозад.    

 Муассисаҳои таълимӣ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва саҳми сокинону соҳибкорон бунёд карда шуданд.      

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ва ба истифода додани бинои Муассисаи таълимии хусусии “Гимназияи ба номи Ҷалол Икромӣ”

Posted Thu, 09/11/2025 - 10:10
By shahnavoz

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг нахуст бинои  Муассисаи таълимии хусусии “Гимназияи ба номи Ҷалол Икромӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Паёми шодбошӣ ба муносибати 34-солагии истиқлоли давлатӣ

Posted Wed, 09/10/2025 - 08:37
By shahnavoz

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори бузургтарин ҷашни миллиамон – 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, саодати рӯзгор ва файзу баракат орзу менамоям.

Истиқлолу озодӣ барои мардуми Тоҷикистон гаронтарин неъмат ва пурқиматтарин сарвати зиндагӣ мебошад.

Суханронӣ ба муносибати 30-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted Fri, 09/05/2025 - 13:10
By shahnavoz

Муҳтарам генералҳо ва афсарон, прапоршикҳо ва сарбозони Гвардияи миллӣ!

Чорабинии ботантанаи имрӯза ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллӣ дар арафаи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Бинобар ин, кулли хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин, собиқадорони Гвардияи миллиро ба муносибати ҷашни бузурги истиқлоли давлатӣ ва рӯзи таъсисёбии Гвардияи миллӣ, яъне санаҳои воқеан таърихӣ самимона табрик мегӯям.

Иштирок дар паради ҳарбӣ ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted Fri, 09/05/2025 - 13:08
By shahnavoz

5 сентябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Анҷоми сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин

Posted Thu, 09/04/2025 - 10:08
By shahnavoz

3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки аз 31 август то 3 сентябр дар шаҳрҳои Тянҷин ва Пекин ҷараён дошт, ба Ватан баргаштанд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Пекин меҳмони олиқадр - Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Чин самимона гусел намуданд.

Мулоқот бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Лэтсзи

Posted Thu, 09/04/2025 - 10:05
By shahnavoz

3 сентябр дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Лэтсзи мулоқот карда, маҷмуи масоили ҳамкории ду кишварро баррасӣ намуданд.

Дар оғоз Сарвари давлати мо роҳбарият ва мардуми Чинро бо солгарди 80-уми пирӯзии мардуми Чин бар милитаризми Ҷопон ва анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳонии зиддифашистӣ ва баргузорсозии бомуваффақияти чорабиниҳои пуршукуҳ ба ин муносибат табрику таҳният гуфтанд.

Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин

Posted Thu, 09/04/2025 - 10:05
By shahnavoz

Дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин миёни ниҳодҳои гуногуни Тоҷикистону Чин 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ;

- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба Ташаббуси амнияти глобалӣ;

Иштирок дар чорабинии тантанавӣ дар шаҳри Пекин

Posted Wed, 09/03/2025 - 10:15
By shahnavoz

3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин ҳамроҳ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва дигар роҳбарони давлатҳо дар майдони Тянанмэн дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 80-солагии пирӯзии мардуми Чин бар милитаризми Ҷопон ва анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳонии зиддифашистӣ иштирок намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳоро дар маҳалли баргузории чорабинӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин самимона истиқбол гирифтанд.

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

Posted Wed, 09/03/2025 - 08:36
By shahnavoz

2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла робитаҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, бо таваҷҷуҳи зиёд ба рӯзномаи Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Мо саҳми шоистаи Шуморо, ҷаноби Си Ҷинпин, дар тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи кишварҳоямон баланд арзёбӣ менамоем”.