Ба истифода додани хатти оби нушокии шаҳри Роғун
26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун хатти оби нушокиро ба истифода доданд.
Ин лоиҳа дар идомаи ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастрасии сокинон ба оби тозаи ошомиданӣ татбиқ шудааст.
Хатти оби нушокӣ аз деҳоти Фақирободи ноҳияи Файзобод тавассути қубурҳои гуногунҳаҷм оварда шуда, имкон медиҳад, ки 38 ҳазор сокини шаҳр ва 17 ҳазор корманди НБО Роғун бе танафус ба оби тоза дастрасӣ дошта бошанд.
