Иштирок дар мизи мудаввари сатҳи баланд бахшида ба мавзуи маблағгузории соҳаи иқлим дар Павилиони Покистон
12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар мизи мудаввари сатҳи баланд бахшида ба мавзуи маблуғгузории соҳаи иқлим, ки дар Павилиони Покистон доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз ба Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон барои ташкили ин чорабинӣ ва даъват ҷиҳати иштирок дар он арзи сипос карданд.
