Боздид аз Осорхонаи Қасри ас-Салом дар шаҳри Ал-Кувайт

Posted Tue, 11/05/2024 - 11:09
By shahnavoz

4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари рась ба Давлати Кувайт аз Осорхонаи Қасри ас-Салом, ки  дар минтақаи Шувайхи шаҳри Ал-Кувайт воқеъ гардидааст, боздид намуданд.

Мулоқот бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков

Posted Tue, 11/05/2024 - 11:08
By shahnavoz

4 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ - Марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе” бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории самарабахши Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин ҷараёни кори конфронси зикргардида баррасӣ шуд.

Мулоқот бо Мудири кулли Фонди кувайтии рушд Валид Ал-Баҳар

Posted Tue, 11/05/2024 - 11:08
By shahnavoz

4 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии Фонди кувайтии рушд Валид Ал-Баҳар мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди мазкур баррасӣ шуд.

Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди кувайтии рушд дар маблағгузории лоиҳаҳои муҳими зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингард, иншооти бахши энергетика ва обёрӣ аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буд.

Суханронӣ дар Конфронси байналмилалӣ оид ба “Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – марҳалаи Кувайти Раванди Душанбе”

Posted Mon, 11/04/2024 - 16:57
By shahnavoz

Муҳтарам Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ, Валиаҳди Давлати Кувайт,

Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,

Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар оғоз мехостам ба Давлати Кувайт ва Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин, дигар шарикони байналмилалӣ барои баргузории ин Конфронси муҳимми байналмилалӣ миннатдории худро изҳор намоям.

Аз номи ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи иштирокдорони ҳамоиши имрӯзаро хайрамақдам мегӯям.

Иштирок дар Конфронси байналмилалии зидди терроризм дар Кувайт

Posted Mon, 11/04/2024 - 16:56
By shahnavoz

4 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ - марҳалаи кувайтии “Раванди Душанбе” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамоишро омили муассири тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хавфу хатарҳои амниятӣ номиданд.

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдуллоҳ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ Ал-Яҳё

Posted Mon, 11/04/2024 - 09:28
By shahnavoz

3 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдуллоҳ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ Ал-Яҳё мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Ба саҳми Фонди кувайтии рушд дар татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф тавсеа меёбад.

Мулоқот бо муовини якуми Сарвазир, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилии Давлати Кувайт Шайх Фаҳд Юсуф Сауд ас-Сабоҳ

Posted Mon, 11/04/2024 - 09:26
By shahnavoz

3 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми Сарвазир, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилии Давлати Кувайт Шайх Фаҳд Юсуф Сауд ас-Сабоҳ мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо аз сатҳи муносиботи сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, онро заминаи мусоид барои таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар ҳама бахшҳои дигар маънӣ доданд.

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт

Posted Mon, 11/04/2024 - 09:23
By shahnavoz

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар маҷмуъ 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла 5 санади он дар ҳузури Сарони давлатҳо ва 4-тои дигар дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт:

Мулоқот бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ

Posted Mon, 11/04/2024 - 09:21
By shahnavoz

3 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи масоили муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуд.

“Мо ба рушди бештари робитаҳои густурда бо кишвари дӯсту бародар – Кувайт таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем”, - изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.  

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт

Posted Mon, 11/04/2024 - 09:19
By shahnavoz

3 ноябр дар Қасри Девони Амир мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо оғоз шуда, бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст, барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ, иштирок дар Конфронси сатҳи баланд ва барои истиқболи бародаронаву меҳмонавозии самимӣ ба Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ арзи сипос намуданд.