Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Posted Mon, 10/14/2024 - 10:04
By shahnavoz

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сафари навбатии кориро ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯрӣ бо сокинон, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ арзёбӣ карданд.

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Posted Mon, 10/14/2024 - 10:03
By shahnavoz

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Мулоқоти имрӯзаи мо дар даврае баргузор мегардад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи омодагӣ ба таҷлили яке аз санаҳои воқеан таърихӣ – 30-солагии қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қарор доранд.

Бо қаноатмандӣ иброз медорам, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгириву ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат сол ба сол ободу пешрафта ва сатҳу сифати зиндагии сокинони он мунтазам беҳтар гардида истодааст.

Суханронӣ дар варзишгоҳи шаҳри Хоруғ

Posted Mon, 10/14/2024 - 10:02
By shahnavoz

Ҳамватанони азиз!

Мардуми ватандӯсту сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чанде пеш ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро дар фазои сулҳу суботи комил ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтанд.

Тайи чанд рӯзе, ки мо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорем, натиҷаву маҳсули заҳмати содиқонаву софдилонаи сокинони онро хуб мушоҳида намудем.

Иштирок дар тантанаҳои ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ

Posted Mon, 10/14/2024 - 10:01
By shahnavoz

13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили бошукуҳи истиқлоли Ватанро, ки аз ҷониби мардуми ватандӯсту сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чанде қабл ҷашн гирифта шуд, нишонаи возеҳи дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлат арзёбӣ намуданд.

Тақдими туҳфаҳо ба ятимони кул дар шаҳри Хоруғ

Posted Mon, 10/14/2024 - 10:00
By shahnavoz

Дар идомаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Маркази хизматрасонии навбунёди “Шоми Хоруғ”, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Шукурбек Шукурбеков ва Бахтиёр Шукурбеков бунёд гардидааст, бо ятимони кул суҳбат намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 150 нафар ятими кул, ки аз парасториву меҳрубонии волидайн маҳрум мондаанд, либоси мактабӣ, маводи конселярӣ, шириниҳо ва кӯмаки пулӣ тақдим намуданд.

Ифтитоҳи бинои кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ

Posted Mon, 10/14/2024 - 09:58
By shahnavoz

13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои маъмурии кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти хуштарҳу замонавӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи муосири меъморӣ ва нақшу нигори миллӣ бунёд ёфта, дар он барои кормандону мутахассисон шароити хуби корӣ муҳайё карда шудааст.

Ифтитоҳи Парки технологии шаҳри Хоруғ

Posted Mon, 10/14/2024 - 09:57
By shahnavoz

13 октябр зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Парки технологиро бо фарогирии якчанд корхонаҳои саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Парки технологии шаҳри Хоруғ дар масоҳати 1,6 гектар  бунёд гардида, дар он корхонаҳои коркард ва банду басти гӯшт, гиёҳҳои шифобахш, меваю сабзавоти хушк, коргоҳҳои хушкашуйӣ, истеҳсоли мебел ва ғайра мавҷуд мебошанд.

Иқдоми мазкур дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ –“Cаноатикунонии босуръати кишвар” амалӣ гардидааст.

Ифтитоҳи корхонаи коркарди маҳсулоти ширии ҶДММ “Панҷ” дар шаҳри Хоруғ

Posted Mon, 10/14/2024 - 09:56
By shahnavoz

13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Панҷ”-ро ба истифода доданд.

Дар корхонаи саноатӣ дар як рӯз то 2 тонна шир коркард ва 11 номгӯйи маҳсулот, аз қабили сметана, қаймоқ, творог, ёгурт ва кефир истеҳсол карда мешавад.

Дар корхонаи шир ҳоло наздики 30 нафар бо кор таъмин шудааст ва ояндаи наздик бо боло рафтани иқтидори истеҳсолии корхона зиёда аз 100 ҷойи корӣ ташкил карда мешавад.

Ба истифода додани бинои истиқоматии 15 ошёна дар шаҳри Хоруғ

Posted Mon, 10/14/2024 - 09:56
By shahnavoz

13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ биноҳои баландошёнаи истиқоматиро ба истифода доданд.

Бинои 15 ошёна дар шаҳри Хоруғ бо марказҳои хизматрасонӣ аз 128 манзили истиқоматии як, ду ва сеҳуҷрадор иборат буда, дар он мутобиқ ба талаботи замони муосир барои зист шароит фароҳам оварда шудааст.

Ифтитоҳи бинои истиқоматии 10 ошёна дар шаҳри Хоруғ

Posted Mon, 10/14/2024 - 09:54
By shahnavoz

13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои истиқоматии 10 ошёна бо Пентхаусро дар хиёбони марказии Шириншоҳ Шоҳтемур мавриди истифода қарор доданд.

Бинои баландошёна дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, хишти нахустини он соли 2023 гузошта шуда буд.

Иншоот аз се қисмат иборат буда, бо қомат афрохтани бинои баландошёна ба маркази маъмурии вилоят-шаҳри Хоруғ ҳусни дигар зам гардидааст.