Ифтитоҳи Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯсти деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич

Posted Mon, 07/14/2025 - 08:40
By shahnavoz

12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Деваштич ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қалъаи Дӯсти деҳоти Ваҳдат бинои нави Маркази саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити кор ва хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.

Бунёди бинои нави Маркази саломатӣ аз моҳи июни соли 2024 оғоз гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 20 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуданд.

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент

Posted Mon, 07/14/2025 - 08:39
By shahnavoz

11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот дар маркази шаҳри Панҷакент бо роҳбарону фаъолон мулоқот намуданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шаҳри бостонии Панҷакент барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.

Cуханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент

Posted Mon, 07/14/2025 - 08:34
By shahnavoz

Ҳамватанони азиз!

Пеш аз ҳама, мехостам ба мардуми соҳибмаърифати шаҳри бостонии Панҷакент барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намоям.

Мо дар ҷараёни сафари корӣ имрӯз хуб мушоҳида кардем, ки сокинони ватандӯсти Панҷакенти бостонӣ, аз ҷумла соҳибкорон бо ҳисси баланди миллӣ ва дар шароити орому осудаи мамлакат ба хотири ободу зебо гардонидани диёри худ хеле заҳмат кашидаанд ва саъйу талоши зиёд кардаанд.

Шаҳри Панҷакент аз ҷумлаи қадимтарин шаҳрҳои тоҷикон буда, ҳам аз лиҳози масоҳат ва ҳам бо шумораи аҳолӣ яке аз калонтарин шаҳрҳои кишвар ба ҳисоб меравад.

Боздид аз гармхонаи Моғиён-Агро ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Панҷакент

Posted Fri, 07/11/2025 - 16:44
By shahnavoz

11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти гармхонаи Моғиён-Агро ба деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.

 Гармхона дар заминаи роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкор Муродқул Юсуфов бунёд шуда, аз лиҳози усули кишт, парвариш, ба даст овардани ҳосили фаровон ва таъмини ғановати бозори истеъмолӣ намунаи хуби истифодаи замин аст.

Ифтитоҳи корхонаи шифер дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент

Posted Fri, 07/11/2025 - 16:43
By shahnavoz

11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шифери Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Салмон-Бинокорро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос шуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Баҳодур Насриддинзода сохта шуда, дар он 30 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидааст.

Ифтитоҳи беморхонаи минтақавӣ дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент

Posted Fri, 07/11/2025 - 16:42
By shahnavoz

11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки беморхонаи минтақавӣ бо ҳадафи амалисозии сиёсати иҷтимоии Роҳбари давлат барои беҳсозии сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо тарҳи муосир сохта шудааст ва имкон дорад, ки ба 25 ҳазор аҳолии деҳоти Лоиқ Шералӣ, 4 деҳоти гирду атроф, сокинони ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ низ хизмат расонад.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №115 дар шаҳри Панҷакент

Posted Fri, 07/11/2025 - 16:41
By shahnavoz

11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 115-ро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти соҳаи маориф бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон ва рушди соҳаи маориф бунёд шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити муассиса ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот барои ба таҳсил фаро гирифтани 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он 36 омӯзгори соҳибтахассус бо кор таъмин шудаанд. 

Оғози сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент ва ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии Нилуфар

Posted Fri, 07/11/2025 - 12:55
By shahnavoz

11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии Нилуфарро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи навбунёд сеошёна буда, барои ба тарбияи томактабӣ фаро гирифтани 300 кӯдак бунёд гардидааст.

Ифтитоҳи Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ

Posted Fri, 07/11/2025 - 12:52
By shahnavoz

11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон оғоз бахшиданд.

Иншооти фарҳангӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, баъд аз ба фаъолият пардохтани он, дар маҷмуъ 32 сокини бешуғл бо кор таъмин хоҳанд шуд.

Ифтитоҳи фосилавии 4 корхонаи саноатӣ, 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 кӯдакистон дар ноҳияи Айнӣ

Posted Fri, 07/11/2025 - 12:50
By shahnavoz

11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ барои сохтмони як қатор иншооти таъйиноташон гуногун, ки дар доираи истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ рӯи даст гирифта шудааст, оғоз бахшида, 3 корхонаи саноатиро мавриди истифода қарор доданд.

Ҳамчунин, дар ин маросим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 кӯдакистон, ки дар деҳаҳои Зосун, Хайробод, Ваҳдатобод, Каздон, Анзоб ва Фондарё ҷойгиранд, оғозӣ расмӣ бахшиданд.