Суханронӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба

Posted Thu, 05/08/2025 - 11:01
By shahnavoz

Ҳамватанони азиз!

Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозон!

Мо имрӯз 80-солагии ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонро бо ифтихор ва посдорӣ аз хотираи неки фарзандони Тоҷикистон ва корнамоиву қаҳрамониҳои онҳо дар мубориза бо фашизми гитлерӣ таҷлил менамоем.

Ба муносибати ин санаи муҳимми таърихӣ – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САИДЗОДА НОСИР ОЗОД БАХШИДА БА РЎЗИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА

Posted Thu, 05/08/2025 - 09:18
By shahnavoz

Ҳамкасбони муҳтарам, кормандони соҳаҳои телевизион, радио ва алоқа!

Бо камоли эҳтиром ва меҳру самимият, шуморо ба муносибати Рўзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2024, №2094, 7 май ҷашн гирифта мешавад, табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тансиҳатии комил ва комёбиҳои навро орзу менамоям.

Дар Душанбе сохтмони яке аз иншооти зеботарин дар Осиёи Марказӣ -Театри миллӣ идома дорад

Posted Tue, 04/22/2025 - 08:30
By shahnavoz

Дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе сохтмони Театри миллӣ, ки он  дар Осиёи Марказӣ  назир надорад, идома дорад.  Хишти аввали иншоотро  17 марти соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ниҳода буданд.

Тавре масъулин иброз доштанд,  Театри миллӣ бо шукуҳу шаҳомати худ аз дигар театрҳо фарқ хоҳад кард. Тарҳи он яке аз беҳтарин биноҳои пойтахт ба ҳисоб меравад.  Лоиҳаи он давоми панҷ сол дар асоси омӯзиши тарҳи беҳтарин театрҳои давлатҳои пешрафтаи олам омода шуда, ба тамоми стандартҳои муосир ҷавобгӯй мебошад.

Ифтитоҳи Корхонаи заргарии ҶДММ "Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин" дар шаҳри Душанбе

Posted Thu, 04/10/2025 - 16:31
By shahnavoz

10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи заргарии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чинро ифтитоҳ намуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона дар масоҳати 0,30 га бунёд ёфта, аз маркази дуошёнаи фуруши тилло ва сехҳои заргарӣ иборат аст.

Ифтитоҳи Шуъбаи маориф ва пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии “Ёрии таъҷилии тиббӣ” дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Posted Thu, 04/10/2025 - 16:30
By shahnavoz

10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои маъмурии шуъбаи маориф ва пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии маркази шаҳрии “Ёрии таъҷилии тиббӣ”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншоот дар доираи бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 19 садяк замин бунёд шуда, дар он шароити хуби корӣ барои кормандон фароҳам меояд.

Ба истифода додани Корхонаи дӯзандагии ҶДММ "Гардӣ" дар шаҳри Душанбе

Posted Thu, 04/10/2025 - 16:29
By shahnavoz

10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови пойтахт Корхонаи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Гардиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ифтитоҳи бинои нави Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Posted Thu, 04/10/2025 - 16:28
By shahnavoz

10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Иншоот дар заминаи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуда, тарҳи он ба ҳусни пойтахт зебоии дигар бахшид.

Иштирок дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ”

Posted Fri, 04/04/2025 - 16:17
By shahnavoz

4 апрел дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷаҳон имрӯз бо мушкилоти тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ аст ва минтақаи мо низ аз ин истисно нест.

Таъкид гардид, ки оқибатҳои фоҷеабори тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёт ва экосистемаҳои кишварҳои мо зарари калон расонида, ба ҳаёти одамон таҳдид менамояд.

Иштирок дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

Posted Fri, 04/04/2025 - 12:59
By shahnavoz

4 апрел дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳон дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоиш бо истиқболи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва аксгирии якҷояи роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмӣ оғоз ёфт.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

Posted Fri, 04/04/2025 - 09:32
By shahnavoz

3 апрел дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон, инчунин масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуд.

Президенти кишвари мо  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз суръати рушди ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.