Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон

Posted Thu, 03/13/2025 - 12:15
By shahnavoz

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо иштироки ҳайатҳои расмӣ доир шуд.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо масоили вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди онҳо батафсил баррасӣ шуд.

Ба масъалаҳои афзун намудани робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва истифодаи имконоти ҳарду кишвар дар ин самт таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон

Posted Thu, 03/13/2025 - 12:13
By shahnavoz

13 март маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи биноҳои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Мошини Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро савораҳо бо аспҳои ба таври хоси миллӣ ороёфта ҳамроҳӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими гулчанбаргузорӣ дар назди муҷассамаи “Уркун”

Posted Thu, 03/13/2025 - 12:13
By shahnavoz

13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷмааи таърихӣ ва ёдгории “Ата-Бейит” ташриф оварданд.

Сарвари давлат ба нишони эҳтиром ва гиромидошти таърих ва адабиёти мардуми қирғиз дар пояи муҷассамаи “Уркун” ва мақбараи нависандаи маъруф Чингиз Айтматов гулчанбар гузоштанд.

Боздид аз Боғи миллии “Ала Арча”-и Ҷумҳурии Қирғизистон

Posted Thu, 03/13/2025 - 08:21
By shahnavoz

12 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба Боғи миллии “Ала Арча” ташриф оварданд.

Дар ин ҷо сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров аз Боғи миллии “Ала Арча” ва намоиши фарҳангӣ, ки ба хотири ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, боздид намуданд.

Бояд гуфт, ки Боғи миллии “Ала Арча” дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр дар масофаи 40 километр дуртар аз пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек қарор дорад.

Оғози сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон

Posted Thu, 03/13/2025 - 08:20
By shahnavoz

12 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек меҳмони олиқадр - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари кишвари мизбон – Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо эҳтироми хоса ва гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон

Posted Wed, 03/12/2025 - 15:29
By shahnavoz

12 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» тарроҳону ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои мамлакатро дар Душанбе ҷамъ овард

Posted Thu, 03/06/2025 - 16:17
By shahnavoz

5 март дар Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев» бахшида ба Рӯзи Модар ва арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллӣ бо иштироки тарроҳону ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид.

Дар оғози фестивал иштирокдорон намоишгоҳи ҳунарҳои чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, попурдӯзиро, ки аз ҷониби ҳунармандон шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил гардида буд, тамошо намуданд.

Иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Posted Sun, 03/02/2025 - 11:44
By shahnavoz

2 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №23-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Posted Fri, 02/28/2025 - 10:36
By shahnavoz

Ҳамватанони гиромӣ!

Фардо моҳи мубораки Рамазон, ки ҳар рӯзи он барои мардуми мусулмон мактаби парҳезгорӣ, худшиносиву инсондӯстӣ ва ҳимматбаландиву хайру сахо мебошад, фаро мерасад.

Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, ба хонадонатон саломатӣ, файзу баракат ва ризқу рӯзии фаровон мехоҳам.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳоло дар марҳалаи ташаккул ва такомули давлати миллӣ, яъне дар раванди давлатсозӣ ва давлатдории навини худ қарор дорад.

Мусаллам аст, ки дар раванди давлатсозиву давлатдорӣ арзишҳои ахлоқӣ ва эътиқодӣ нақши муҳим мебозанд.

Ҳама ба интихобот -2025

Posted Wed, 02/26/2025 - 17:17
By shahnavoz

2 марти соли 2025 бо иштироки фаъолонаи худ дар Интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқ барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол овоз диҳед.