Ба истифода додани бинои шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварданд.
Нахуст дар маркази ноҳия Роҳбари давлат бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд.
Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказӣ аз ду ошёна ибора буда, бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд шудааст ва дар маҷмуъ дорои 60 кат мебошад.
Дар ин шуъба 136 нафар, аз ҷумла акушер-гинеколог, табиби навзодон, эҳёгар, амрози занона, момодоя, ҳамшираи тиббӣ ва кормандони хурди тиббӣ, фаъолият мекунанд.
