Мулоқот бо Вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим Оли Сонӣ
17 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим Оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва бародарии Тоҷикистону Қатар баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз барпошавии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо, ки имсол 30 сол аз он пур мешавад, ёдовар шуда, робитаҳои фарҳангиро яке аз ҷанбаҳои муҳими ҳамкорӣ номиданд.
