Истиқболи Пешвои миллат дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ

Posted Mon, 10/14/2024 - 09:42
By shahnavoz

12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маркази вилоят-шаҳри Хоруғ ташриф оварданд.

Роҳбарияти вилоят ва сокинони шаҳри Хоруғ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.

Оғози сафари корӣ ба Туркманистон

Posted Fri, 10/11/2024 - 11:08
By shahnavoz

11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Ашхободи Туркманистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Ашхобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев ва дигар намояндагони воломақом самимона пазироӣ карданд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири маъруфи туркман Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони “Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу инкишоф” иштирок менамоянд.

Сафари корӣ ба Туркманистон

Posted Fri, 10/11/2024 - 09:55
By shahnavoz

11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди корӣ ба Туркманистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ - иштирокдорони Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted Fri, 10/11/2024 - 09:48
By shahnavoz

10 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ – иштирокдорони Конференсияи байналмилалии парлумонӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфтанд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумониро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот оид ба қабули санади муҳиму тақдирсоз – Конститутсия ва нақши он дар рушди парламентаризми давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар Душанбе конфронси байналмилалии парламентӣ баргузор мегардад

Posted Thu, 10/10/2024 - 16:27
By shahnavoz

11 октябр дар Душанбе бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалии парламентӣ баргузор мегардад.

Конфронс бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти парламентҳои беш аз 11 давлати ҷаҳон доир мешавад.

Тибқи барнома, кори конфронс дар 4 бахш дар толорҳои гуногуни бинои нави Парлумони Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад

Posted Thu, 10/10/2024 - 16:01
By shahnavoz

Имрӯз бахшида ба Рӯзи фалак дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Садои дил» Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён баргузор мегардад. Аз соли 2007 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар мамлакат 10 октябр Рӯзи фалак ҷашн гирифта мешавад.

Ин мусиқи суннатии тоҷик 15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж расман ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардид.

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф

Posted Thu, 10/10/2024 - 12:23
By shahnavoz

10 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибофро дар доираи сафари расмии онҷониб ба Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили муносибатҳои Тоҷикистону Эрон бо шумули робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор доштанд, ки “мо кишвари дӯсту бародари Эронро шарики муҳимми худ дар минтақа арзёбӣ мекунем”.

Оғози сафари корӣ дар Федератсияи Русия

Posted Tue, 10/08/2024 - 16:53
By shahnavoz

7 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд.

Дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия самимона пазироӣ карданд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд.

Сафари корӣ ба Федератсияи Русия

Posted Tue, 10/08/2024 - 16:51
By shahnavoz

7 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Мулоқот бо ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёии Рушд

Posted Fri, 10/04/2024 - 09:50
By shahnavoz

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёии Рушдро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд барои татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар кишвари мо изҳори қаноатмандӣ намуданд.