Барқияи табрикӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Posted Mon, 03/18/2024 - 10:31
By shahnavoz

18 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Шуморо дар робита ба пирӯзии баҳснопазиратон дар интихоботи президентӣ самимона табрик менамоям.

ЭЪЛОН

Posted Thu, 03/14/2024 - 10:08
By shahnavoz

Вобаста ба дархости зиёди тамошобинони телевизион рӯзҳои 14 ва 15-уми марти соли ҷорӣ соати 18:30 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки рӯзи 9-уми марти соли ҷорӣ баргузор гардида буд, тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ пахш мегардад, зеро бо сабаби маҳдудият дар таъмини неруи барқ сокинони ноҳияҳои кӯҳистон ҷараёни мулоқотро ба пуррагӣ тамошо карда натавонистанд.

Мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар.

Posted Mon, 03/11/2024 - 09:29
By shahnavoz

9 март дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот карданд.

Озмуни телевизионии Суруди модар ҷамъбаст гардид

Posted Mon, 03/11/2024 - 09:03
By shahnavoz

Озмуни телевизионии Суруди модар соли сеюм аст,ки бо ташаббуси Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон Шаҳнавоз таҳти сарпарастии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модар таҷлил мегардад.Озмуни мазкур дар пайравӣ бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таҳия ва пешниҳод мегардад.

Соли равон низ дар арафаи Рӯзи модар озмуни мазкур эълон гардида бо интихоби даҳгонаи беҳтарин аз миёни довталабон дар фазои тантанавӣ ҷамъбаст гардид.

Ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва радио бо Ҷумҳурии Исломии Эрон рушд меёбанд

Posted Thu, 03/07/2024 - 09:10
By shahnavoz

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид бо сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён мулоқот намуд.

Машварати корӣ

Posted Tue, 02/27/2024 - 10:34
By shahnavoz

26-уми феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва дигар масъалаҳои ҳалталаб машварати корӣ доир намуданд.

ПРЕЗИДЕНТИ ФФТ РУСТАМ ЭМОМАЛӢ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҚАДРДОНӢ НАМУД

Posted Fri, 02/02/2024 - 13:47
By shahnavoz

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ, дастаи мунтахаби кишварро, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа бомуваффақият баромад мекунад, қадрдонӣ намуд.

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БАРОИ ДАСТГИРИИ ТИМИ МУНТАХАБ БА ҚАТАР МЕРАВАД

Posted Fri, 02/02/2024 - 13:40
By shahnavoz

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бозӣ миёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Урдун, ки дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар бо ҳам рақобат мекунанд, иштирок хоҳад кард.

Дар ин бора телеграмканали расмии президенти ФФТ хабар додааст.

МД ТМТ "Шаҳнавоз" озмуни телевизионии суруди модарро эълон менамояд!

Posted Fri, 02/02/2024 - 11:46
By shahnavoz

Ба хотири сазовор пешвоз гирифтани рузи модарон Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон "Шахнавоз" озмуни телевизионии суруди модарро эълон менамояд. Хоҳишмандон метавонанд ба нишонии дар навор нишондодашуда сурудҳои баландмазмунро пешниҳод намоянд.

Ҳамкориҳои самарабахш ба хотири муаррифии Тими миллӣ

Posted Fri, 02/02/2024 - 11:32
By shahnavoz

Ҳамкориҳои самарабахш ба хотири Тими миллӣ бо МД рузномаи "Ҷавонони Тоҷикистон".

"Ҷавонони саодатманду ифтихоровари мо ҲАМЕША БА ПЕШ". Тими миллии Тоҷикистон тавонист, ки бори дигар мардуми шарафманди моро зери як парчам, як ҳадаф ва як сиёсат сарҷамъ намояд...