Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Posted Tue, 04/09/2024 - 15:41
By shahnavoz

Ҳамватанони азиз!

Шоми имрӯз моҳи мубораки Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди саиди Фитр фаро мерасад.

Ба муносибати ин ойини мубораки диниву эътиқодӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони ҳар як фарди кишвар рӯзгори босаодат ва барои Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.

Ифтитоҳи коргоҳи коркарди моҳӣ дар шаҳри Гулистон

Posted Tue, 04/09/2024 - 15:40
By shahnavoz

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Сарбанди шаҳри Гулистони вилояти Суғд коргоҳи коркарди моҳиро мавриди истифода қарор дода, бо раванди фаъолияти хати истеҳсолӣ шинос шуданд.

Коргоҳи истеҳсолӣ аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, тавоноии он дар як рӯз ва дар як баст коркарди 1 тонна моҳӣ ва истеҳсоли беш аз 5000 қуттӣ консерваи моҳӣ мебошад.

Ифтитоҳи ҶДММ “Муосир-пласт” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Tue, 04/09/2024 - 15:38
By shahnavoz

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муосир-пласт” оғоз бахшиданд.

Иншооти соҳаи саноат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо навтарин технологияи истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон бунёд гардида, иқтидор дорад, ки дар як сол аз 20 то 60 млн. дона маҳсулот истеҳсол намояд.

Ифтитоҳи Кӯдакистон дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Tue, 04/09/2024 - 15:37
By shahnavoz

9 апрел дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти томактабии “Мусаффо”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассиса ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланд бунёд шудааст.

Муассисаи таълимии томактабии “Мусаффо” аз 2 ошёна иборат буда, барои 120 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.

Боздид аз коргоҳи истеҳсоли “Ванадий” дар Коргоҳи фаръии “Истеҳсоли гидрометаллургӣ”-и КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон

Posted Tue, 04/09/2024 - 15:36
By shahnavoz

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, дар коргоҳи истеҳсоли “Ванадий”-и Коргоҳи фаръии “Истеҳсоли гидрометаллургӣ”  бо хатти истеҳсолӣ пас аз анҷоми корҳои навсозӣ ва барқарорсозӣ шинос шуданд.

Тақдими тӯҳфаҳо ва ташкили дастархони идона барои ятимон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Tue, 04/09/2024 - 15:34
By shahnavoz

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъди ба истифода додани корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Титан 8888” дар арафаи Иди саиди Фитр  чун оини неки инсондӯстона ба 80 нафар ятими кул тӯҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Ба истифода додани корхонаи ҶДММ “Титан 8888” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Tue, 04/09/2024 - 15:32
By shahnavoz

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварда, корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Титан 8888”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.  

Оғози сафари корӣ дар вилояти Суғд

Posted Tue, 04/09/2024 - 15:31
By shahnavoz

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мулоқот бо сокинон, иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, нақшаю тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи иншооти соҳаҳои гуногун ба истиқболи ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Мулоқот бо Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

Posted Fri, 04/05/2024 - 13:20
By shahnavoz

5-уми апрел дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Пешвои миллии халқи туркман - Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот карданд.

Зимни вохӯрии самимӣ натиҷаҳои мулоқоту музокирот дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мулоқот бо узви Шӯрои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяохун

Posted Fri, 04/05/2024 - 13:19
By shahnavoz

5-уми апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Шӯрои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяохунро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва дар арсаи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид.  

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди самараноки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.