Ифтитоҳи Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов

Posted Tue, 08/27/2024 - 11:35
By shahnavoz

27-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи соли нави хониши 2024-2025, дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои нави хуштарҳу замонавии Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқуловро, ки ҳарду дар як бинои муҳташам ҷойгир шудаанд, мавриди истифода қарор доданд.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №9 дар маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе

Posted Tue, 08/27/2024 - 09:12
By shahnavoz

27-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №9-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Баъди пардабардорӣ аз рӯи лавҳаи рамзӣ ва ифтитоҳи расмии муассиса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароити таҳсил дар он шинос шуданд.

ҲАМОИШ БАХШИДА БА 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Posted Mon, 08/26/2024 - 19:43
By shahnavoz

26-уми августи соли равон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии "Садо ва Симо"-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи иттифоқи касабаи кормандони Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид.

Баргузории Иди тарбуз, харбуза ва каду

Posted Mon, 08/26/2024 - 14:25
By shahnavoz

25 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз ва истифода аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор шуд.

Дар ин рӯз кишоварзони шаҳру ноҳияҳои мамлакат навъҳои гуногуни тарбуз, харбуза, каду ва дигар маҳсулоти кишоварзиро пешниҳод намуданд.

Мулоқот бо Мудири кулли Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб Валид Ал-Баҳар

Posted Thu, 08/22/2024 - 11:03
By shahnavoz

22 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб Валид Ал-Баҳарро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи мазкур баррасӣ гардид.

“Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо Давлати Кувайт таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд ва Кувайтро шарики муҳимми худ медонад” - изҳор доштанд дар оғози суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted Fri, 05/31/2024 - 19:13
By shahnavoz

31 май таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис дар бораи Барномаи рушди беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028 директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода гузориш дод.

Суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар

Posted Thu, 05/30/2024 - 18:11
By shahnavoz

Муҳтарам олимону донишмандон!

Ҳозирини гиромӣ!

Аз вохӯрии мо бо аҳли зиёи кишвар чор сол сипарӣ гардид.

Имрӯз тасмим гирифтем, ки натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмиро дар кишвар баррасӣ намоем.

Мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод.

Мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар

Posted Thu, 05/30/2024 - 18:05
By shahnavoz

30-юми май дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот карданд.

Ҳадафи вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мебошад.

Суханронӣ дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ

Posted Tue, 05/28/2024 - 12:12
By shahnavoz

Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ!

Намояндагони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни сиюмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии аминияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям.

Ҳифзу ҳимояи сарҳади давлатӣ, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии давлат ба зиммаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун ҷузъи муҳимми Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол гузошта шудааст.

Гузоштани санги асос ба оғози корҳои сохтмонии панҷ бинои истиқоматии 16-ошёна дар Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ

Posted Tue, 05/28/2024 - 12:11
By shahnavoz

28-уми май дар маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо гузоштани санги асос ба сохтмони 5 бинои истиқоматии 16-ошёна бо 840 манзили истиқоматӣ барои афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ оғоз бахшиданд.