Боздид аз Қӯшунҳои сарҳади КДАМ ба муносибати 30-солагии ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted Tue, 05/28/2024 - 12:09
By shahnavoz

28-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар Рӯзи таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади шиносоӣ бо вазъи будубоши ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба маркази таълимии "Пойтахт" дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташриф оварда, нахуст бинои наву замонавии 4 ошиёна иборат аз ошхона в

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

Posted Mon, 05/27/2024 - 11:42
By shahnavoz

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар робита ба 20-солагии ба имзо расидани Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров омадааст:

«Муҳтарам Садир Нургожоевич,

Ба истифода додани Маркази ташхис ва табобатии деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара

Posted Fri, 05/24/2024 - 13:13
By shahnavoz

24-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара баъди ба истифода додани гулгашт ва майдони Парчами давлатӣ, бинои нави Маркази ташхис ва табобатро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази ташхису табобат яке аз иншооти ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, аз ҷониби як гуруҳ соҳибкорони ватанӣ бунёд гардидааст.

Ба истифода додани гулгашт ва майдони Парчами давлатӣ дар маркази деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара

Posted Fri, 05/24/2024 - 13:00
By shahnavoz

24-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар деҳоти Ғарғараи деҳоти Корез майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ карданд.

Майдони Парчами давлатӣ дар мавзеъи зебоманзари маркази деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони ватандусту ташаббускор бунёд гардидааст.

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Усто Файзалӣ» дар ноҳияи Данғара

Posted Fri, 05/24/2024 - 12:59
By shahnavoz

24-уми май дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Усто Файзалӣ”-ро ба истифода доданд.

Фаъолияти коргоҳи саноатӣ дар асоси технологияи нав ба коркарди чубу тахта ва истеҳсоли мебел равона карда шуда, дар он 30 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд.

Технологияи корхона аз Туркия ва Чин ворид карда шуда, минбаъд мизу курсӣ ва ҷевони китоб бо андозаҳои гуногун истеҳсолу ба харидорон пешниҳод карда мешавад.

Ба истифода додани коргоҳи истеҳсолии «Мушки Модар» дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара

Posted Fri, 05/24/2024 - 12:58
By shahnavoz

24-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корези ноҳия коргоҳи истеҳсолии «Мушки Модар»-ро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ифтитоҳи бинои Мактаб-интернат дар ноҳияи Данғара

Posted Fri, 05/24/2024 - 12:55
By shahnavoz

23-юми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Гарғараи деҳоти Корези ноҳияи Данғара бинои Мактаб-интернатро ифтитоҳ карданд.

Иншооти муосир аз ду ошёна иборат буда, барои зиёда аз 600 таълимгиранда пешбинӣ карда шудааст.

Муассисаи таълимӣ аз синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, озмоишгоҳ, китобхона ва толори хониш иборат мебошад.

Ифтитоҳи Маркази саломатии бисёрсоҳа дар ноҳияи Данғара

Posted Fri, 05/24/2024 - 12:18
By shahnavoz

24-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Маркази саломатии бисёрсоҳаи ноҳияро ифтитоҳ намуданд.

Маркази саломатии бисёрсоҳаи ноҳияи Данғара дар заминаи дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоя аз маблағҳои Бонки исломии рушд ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Гузоштани санги асос ва муаррифии лоиҳаи бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара

Posted Fri, 05/24/2024 - 12:17
By shahnavoz

24-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара барои бунёди  филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санги асос гузоштанд.

 Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи бунёди иншооти сохташаванда, як бинои 9-ошёна, ду бинои 7-ошёна ва ду бинои 4-ошёна муаррифӣ карда шуд.

Ифтитоҳи бинои маркази рушди малакаҳои касбӣ дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара

Posted Fri, 05/24/2024 - 12:16
By shahnavoz

24-уми  май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бинои наву замонавии Маркази рушди малакаҳои касбӣ бо хобгоҳ дар маҳаллаи 15 - уми деҳоти Корезро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмиллалӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.

Бинои Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар ноҳияи Данғара дар масоҳати умумии беш аз 1 гектар ва ба маблағи 35 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.