Боздид аз рафти корҳои сохтмонии роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Роғун - Обигарм - Нуробод шинос шуданд.
Масофаи умумии роҳ 76 километрро дар бар гирифта, ҳоло 3500 коргару мутахассис бо истифода аз 400 техникаву механизмҳо барои ба анҷом расонидани сохтмон фаъолият доранд.
Сохтмони роҳ дар доираи лоиҳаи “Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ” татбиқ гардида, ба 3 қитъа ҷудо мегардад.
