Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и шаҳри Конибодом
10 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 иштирок намуданд.
Бинои мактаб аз ду ошёна иборат буда, дорои 16 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, забонҳои хориҷӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, инчунин ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, китобхона ва бойгонӣ мебошад.
