Ифтитоҳи Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов
27-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи соли нави хониши 2024-2025, дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои нави хуштарҳу замонавии Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқуловро, ки ҳарду дар як бинои муҳташам ҷойгир шудаанд, мавриди истифода қарор доданд.
